Портал:Рӯйдодҳои кунунӣ

(Тағйири масир аз Воқеаҳои кунунӣ)
Jump to navigation Jump to search
Сархати хабарҳо (ДиданБаҳсВироишПешниҳоди иловаи рӯйдод)
Роналд Рейган ва Михаил Горбачёв дар ҳоли имзои ПММҲМ. Кохи Сафед, 1987
Ба дӯстонатон расонед, ки ҳоло чиҳо дар маркази диққати ҷаҳониён ҳастанд:
Вконтакте • LiveJournal • Twitter • Facebook
Рӯйдодҳои охирин (ДиданБаҳсТаърихВироиш)
Ҳама хоҳишмандон метавонанд илова кунанд! Ахборро мутолиа кунед ва рӯйдодҳои муҳимро бо зикри манбаъ илова намоед.

Ҳамчунин нигаред: Лавҳаи ахбор

феврали соли 2019

  • 28 феврали соли 2019 Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаи қонунҳо ва мушкилиҳои дигар дида баромада шуд. [21]
  • 27 феврали соли 2019 Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар иншооти қабулу хизматрасонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа ба роҳбарон ва кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишӣ доир карда шуд. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, семинари омузишӣ дар самтҳои «Хизматрасонӣ дар меҳмонхона ва осоишгоҳу истироҳатгоҳ», «Роҳбалад», «Хизматрасонӣ дар тарабхона» ва дигар самтҳои муҳими хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ доир гардид.[22]
  • 26 феврали соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Тавре хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ба тасвиб расидааст. [23]
  • 25 феврали соли 2019 Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташкил гардиданд. [24]
  • 24 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд. [25]
  • 23 феврали соли 2019 Дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. [26]
  • 22 феврали соли 2019 Маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар Душанбе баррасӣ гардид. Иттилоъ доданд, ки дар мулоқот татбиқи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» матраҳ гардид. [27]
  • 21 феврали соли 2019 Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардида буд. [28]
  • 20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд. [29]
  • 19 феврали соли 2019 Шахсоне, ки симкортҳояшон бо шиносномаҳои кӯҳна ба қайд гирифта шудаанд, бояд онро дубора ба қайд гиранд. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон аз ду симкорт зиёдтар гирифта наметавонанд. [30]
  • 18 феврали соли 2019 Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзҳои истироҳат ду бозии мавқуфгузоштаи худро барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои КМВА «Помир» ва «Шоҳмансур» гузаронида, ғалаба ба даст овард. [31]
  • 17 феврали соли 2019 Дар натиҷаи сӯхтор дар Бангладеши Олмон дастикам ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли мақомоти ин кишвар, сӯхтор беш аз 200 хонаи сокинонро ба коми худ фурӯ бурд. Сӯхтор субҳи барвақти 17-уми феврал, замоне рух дод, ки бисёре аз сокинон ҳанӯз дар хоб буданд. [32]
  • 16 феврали соли 2019 Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд – ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 7,3% -ро ташкил медиҳад. [33]
  • 15 феврали соли 2019 Беш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратонро ҷашн мегиранд. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон` гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд. Сари вақт муроҷиат намудан ва оғоз намудани табобат аз оризаҳои нохуши ин беморӣ нигоҳ медорад. [34]
  • 14 феврали соли 2019 Соли 2018 байни давлатҳо ба маблағи зиёда аз 300 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расиданд. Тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат афзуда, аз 14,9 млн. доллар дар соли 2015 то ба 281,5 млн. доллар дар соли 2018 расид. [35]
  • 13 феврали соли 2019 Имрӯз, рӯзи ҷаҳонии радио ҷашн гирифта мешавад. Заминаи пайдоиши ин ид маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2011, зимни баргузории Конфронси 36-уми генералии ЮНЕСКО ба миён омад. Дар ин рӯз Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ба Конфронси генералӣ тавсия дод, ки Рӯзи ҷаҳонии радиоро эълон кунад. Ҳамин тавр аз соли 2012 то инҷониб 13 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад. [36].
  • 12 феврали соли 2019 Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз бори аввал дар таърихи худ дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад. 12 феврал футболбозони тоҷикистонӣ дар муқобили дастаи АГМК-и Алмалики Ӯзбекистон вориди майдони рақобат шуданд. [37].
  • 11 феврали соли 2019 Алҳол ба мусофироне, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, чор фурудгоҳи байналмилалӣ – фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар хизмат мерасонанд. Танҳо соли сипаригардида фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз ду миллион нафар мусофир хизмат расониданд, ки аз ин омор наздик ба 70 фоизи хизматрасониҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд. [38].
  • 10 феврали соли 2019 «ДАРАХТ БИНШОН!» - таҳти ин унвон дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 бех дарахтони ороишӣ ва 10 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. [39].
  • 9 феврали соли 2019 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд. Озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта, ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад. [40].
  • 8 феврали соли 2019 Душанбе соҳиби нишон мегардад ва унони «Сокини фахрии пойтахт» таъсис дода мешавад. Дар иртибот ба ин ба Қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. [41].
  • 7 феврали соли 2019 Дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. [42].
  • 6 феврали соли 2019 Кумитаиш кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модарАлла» баргузор менамояд. Фестивали мазкур ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба занону модарони тоҷик бахшида мешавад.[43].
  • 5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.[44].
  • 4 феврали соли 2019 Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1 млрд 033,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд аст.[45].
  • 3 феврали соли 2019 Имрӯз дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» баргузор гардид. Бояд гуфт, ки намоиши мазкур тибқи нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019—2021 гузаронида мешавад.[46].
  • 2 феврали соли 2019 Аз 8 то 17 феврали соли равон дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё» баргузор мешаванд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 варзишгари наврас — Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, слалом ва слаломи бузург дар миёни 20 давлати Осиё иштирок менамоянд.[47].
  • 1 феврали соли 2019 Тӯли 45 рӯз дар нерӯгоҳи Роғун 3 баробар зиёд аз барқи истеҳсолшудаи тӯли 1 сол дар ҳамаи нерӯгоҳҳои хурди кишвар барқ истеҳсол гардида, тибқи маълумоти Вазорат, соли гузашта бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳаҷми рекордӣ — 19,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ (пеш аз ин 18,6 млрд кВт/соат — соли 1988) истеҳсол шудааст.[48].

январи соли 2019

  • 31 январи соли 2019 Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019—2020 квотаҳои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, ки ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.[49].
  • 30 январи соли 2019 Дар раддабандии Индекси дарки коррупсия, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Transparency International таҳия мешавад, Тоҷикистон зинаи 152-юмро ишғол намуд.[50].
  • 29 январи соли 2019 Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» таҳия мегардад. Бо ин мақсад алакай дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, пас аз 3 моҳ лоиҳаи Қонуни мазкур таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.[51].
  • 28 январи соли 2019 Варзишгарони шинохтаи тоҷик Одилшоҳ Исматов ва Кристина Пронженко аз намуди варзиши сабук дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпии Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорскии Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд.[52].
  • 27 январи соли 2019 Имрӯз сокинон ва меҳмони пойтахти Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии Фирдавсӣ дар фазои идона ҷашни Садаро таҷлил намуданд.[53].
  • 26 январи соли 2019 Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикотии хешро ба муносибати ҷашни Сада ба мардуми шарафманди тоҷик ироа дошт.[54].
  • 25 январи соли 2019 Нимаи аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки ба он 27 кишвар узвият дорад, доир мегардад.[55].
  • 24 январи соли 2019 Сарулибоси милитсионерҳои тоҷик имсол нав карда шуда, дар назар аст, ки милитсияи Тоҷикистон ба политсия табдили ном кунад. Дар аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд.[56].
  • 23 январи соли 2019 Китоби нав — маҷмӯаи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» (Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо забони русӣ дар матбааи «Контраст» ба нашр расид.[57].

Соли 2018

ноябри соли 2018

октябри соли 2018

  • 25 октябри соли 2018 Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.[59].
  • 24 октябри соли 2018 Дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷой гирифтаанд. Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.[60].
  • 22 октябри соли 2018 Дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[61].
  • 22 октябри соли 2018 Дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон Парвиз Раҷабзода аз «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ ба филми «Сандуқчаи зулбиё»-и Алексей Румянтсев ва дар бахши «Озмуни филмҳои тоҷикӣ» ба филми «Таксӣ»-и Файзулло Файзов супорида шуд.[62].
  • 12 октябри соли 2018 Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12/10/2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд.[63].
  • 10 октябри соли 2018 Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе баргашт[64].

сентябри соли 2018

августи соли 2018

майи соли 2018

апрели соли 2018

  • 9 апрели соли 2018 Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
  • 6 апрели соли 2018 Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34 %) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8 %) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2 %) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018).

марти соли 2018


феврали соли 2018

январи соли 2018

  • 20 январи соли 2018, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018).
  • 10 январи соли 2018, соли 2017 дар Ҷаласаи 11 — уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» — и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).

декабри соли 2017

  • 27 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ, ки аз ҷониби маҷаллаи амрикоии «Forbes» омода шудааст, миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Рейтинг 21 декабр дар сомонаи маҷаллаи мазкур нашр гардид. Зикр мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 6,9 % афзуда, шумораи аҳолии мамлакат 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 800 доллари ИМА-ро ташкил дод. (khovar.tj/ 05.12.2017).
  • 27 декабри соли 2017, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд.(khovar.tj/ 05.12.2017).
  • 22 декабри соли 2017, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (jumhuriyat.tj/ 22.12.2017).
  • 4 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар Рейтинги (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст.(khovar.tj/ 04.12.2017).

ноябри соли 2017

  • 19 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.(khovar.tj/ 19.11.2017). Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 — умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ (khovar.tj/ 19.11.2017).
  • 18 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Пак» ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 18.11.2017).
  • 6 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 6.11.2017).

октябри соли 2017

  • 26 октябр, Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди «Душанбе — Қӯрғонтеппа». Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, роҳ аз категорияи «III»-юм ба категорияи «1-Б» гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.(khovar.tj/ 26.10.2017).
  • 25 октябр, Бар асоси қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеъмоли сигор дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.(khovar.tj/ 25.10.2017).
  • 14 октябр, 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 14 октябр, Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 12 октябр, Аз 11 то 14 октябр дар ш. Тошкент, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.(khovar.tj/ 12.10.2017).
  • 11 октябр, ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 591 аз 09.10.2017 «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии „Бозори Шоҳмансур“» дар ш. Душанбе дар торномаи Ҳукумати ш. Душанбе нашр шуд. Ҷойи нуқтаҳои савдои муқарраршуда — Маркази савдои «Меҳргон», воқеъ дар минтақаи шарқии Душанбе, тавсия дода шудааст. (dushanbe.tj/ 11.10.2017).
  • 8 октябр, Википедияи Тоҷикиро сарзаниш карданд ва иваз кардани калимаи «энсиклопедия»-ро пешниҳод намуданд. (RuWikiNews)

августи соли 2017

  • 23 август Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017)

марти соли 2017

  • 1 март Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар шаҳри Исломобод, изҳор доштанд: "Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд.(2 .03.2017 khovar.tj)

феврали соли 2017

  • 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Владимир Путин — президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим кард. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид ([бештар...]) (28.02.2017 Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru),
  • 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид (28.02.2017 khovar.tj, Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru
  • Дар вақти сафар ба Тоҷикистон Владимир Путин — президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим мекунад, гуфт ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков. Сафари Президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон охири моҳи феврал дар назар аст.(22.02.2017 http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170222/1021748948.html)
  • Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номидааст. Чойхонаи «Роҳат» мувофиқи маълумоти сомонаи амрикоӣ аз соли 1956 инҷониб беҳтарин чойхона ба ҳисоб меравад. Мутаассифона имрӯзҳо «Роҳат» зери хатари вайроншавӣ мондааст.(17.02.2017 [http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170217/1021713411.html sputnik
  • 17 феврали соли 2017 расонаҳои хабарӣ ба ҳамагон маълум намуданд, ки — Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номид.

Баробари ин Сомонаи амрикоии CNN Travel, ба рӯйхати беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон:

-tj.com])

  • Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, ягона роҳи заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар пайванд медиҳад, муваққатан баста шудааст. Масъулони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим баъд аз зуҳри 14 феврал ва дар пайи бориши шадиди барфу фаромадани тармаи зиёд гирифта шудааст.(14.02.2017 ozodi.org)
  • Ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» ба эҳтимоли ғолиб дар оғози моҳи апрел ба парвоз дар самти Тошканд-Душанбе шурӯъ мекунанд.(14.02.2017 ozodi.org)
  • Президенти Тоҷикистон дар як номаи табрикӣ раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 феврал шодбош гуфт. Бердимуҳаммадови 59-сола бо бурдани 97,69 дар сади раъйи мардум пирӯз шуд ва ҳамакнун дар давоми 7 соли оянда раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз гази Осиёи Марказиро идома хоҳад дод.(13.02.2017 ozodi.org)

январи соли 2017

Комёбиҳои Тоҷикистон дар соли 2016

  • Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар шуд.
  • Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
  • Дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад.
  • Соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 фоизро ташкил намуд.
  • Дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
  • Варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 дар мусобиқоти гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тиллои бозиҳои олимпӣ гардид.
  • Дар маҷмӯъ соли 2016-ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. ([бештар...])

декабри соли 2016

  • Дар охири соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2- ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.([бештар...])

ноябри соли 2016

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард. Дар Сарбанд Пешвои миллат бо фаъолият ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқи Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» инчунин бо ифтитоҳи марҳалаи дуюми таҷдиду навсозии ҶСК «Азот» шинос шуд. Дар ҷараёни боздиди кории худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд. ([бештар...])

16 ноябр Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Соли равон мардуми шарафманди тоҷик нахустин маротиба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Нигаред муфассал: ([бештар...])[74]


Эзоҳ

  1. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак. khovar.tj (20 марти 2019). 20 марти 2019 санҷида шуд.
  2. Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе. khovar.tj (19 марти 2019). 19 марти 2019 санҷида шуд.
  3. Муътабар Азимова ғолиби озмуни «Авто-Бону-2019» гардид. khovar.tj (18 марти 2019). 18 марти 2019 санҷида шуд.
  4. Намоиши маҳорати ҳунармандони Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Наврӯз. news.tj (17 марти 2019). 17 марти 2019 санҷида шуд.
  5. Иштироки беш аз 25 ҳазор нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ. khovar.tj (16 марти 2019). 16 марти 2019 санҷида шуд.
  6. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ». khovar.tj (15 марти 2019). 15 марти 2019 санҷида шуд.
  7. 14 март-Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон: нақши ин ниҳод дар таҳкими волоияти қонун муассир аст. khovar.tj (14 марти 2019). 14 марти 2019 санҷида шуд.
  8. Дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода мешаванд. khovar.tj (13 марти 2019). 13 марти 2019 санҷида шуд.
  9. Бунёди муҷассамаи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар Душанбе бо баландии 121 метр. news.tj (12 марти 2019). 12 марти 2019 санҷида шуд.
  10. Имрӯз дар Душанбе 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. khovar.tj (11 марти 2019). 11 марти 2019 санҷида шуд.
  11. Суқути ҳавопаймои Эфиопия бо 157 нафар дар роҳ ба Найроби. ozodi.org (10 марти 2019). 10 марти 2019 санҷида шуд.
  12. БОНКИ ҶАҲОНӢ: Тоҷикистон аз рӯи ҳуқуқҳои баробари зану мард дар ИДМ ҷойи сеюмро ишғол кард!. khovar.tj (9 марти 2019). 9 марти 2019 санҷида шуд.
  13. Таҷлили Рӯзи Модар дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон. khovar.tj (8 марти 2019). 8 марти 2019 санҷида шуд.
  14. БОЗ ЯК ХУШХАБАР: Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил гардиданд!. khovar.tj (7 марти 2019). 7 марти 2019 санҷида шуд.
  15. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модар таҷлил гардид. khovar.tj (6 марти 2019). 6 марти 2019 санҷида шуд.
  16. ҒАЛАБА МУБОРАК, «ИСТИҚЛОЛ»! Дастаи футболи пойтахт маротибаи панҷум Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. khovar.tj (5 марти 2019). 5 марти 2019 санҷида шуд.
  17. Дар Душанбе ба шарафи ҷашни Наврӯз озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор мешавад. khovar.tj (4 марти 2019). 4 марти 2019 санҷида шуд.
  18. «САЛОМ, ХУРДТАРАКОНИ АЗИЗ!». Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон. khovar.tj (3 марти 2019). 3 марти 2019 санҷида шуд.
  19. МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Марҳиллаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд. khovar.tj (2 марти 2019). 2 марти 2019 санҷида шуд.
  20. «ПАДРУД ФАСЛИ БАРФ, КИ НАВРӮЗ МЕРАСАД…». Айёми зиндашавии табиат, мавсими гармӣ, рӯиши сабзаву гулҳо, оғози корҳои кишоварзӣ – баҳор фаро расид!. khovar.tj (1 марти 2019). 1 марти 2019 санҷида шуд.
  21. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. khovar.tj (28 феврали 2019). 28 феврали 2019 санҷида шуд.
  22. БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ОМИЛИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН АСТ. Барои роҳбарон ва кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. khovar.tj (27 феврали 2019). 27 феврали 2019 санҷида шуд.
  23. Дар Душанбе озмуни шаҳрии «Сайри гули лола» доир мегардад. khovar.tj (26 феврали 2019). 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  24. Дар Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» ташкил гардиданд. khovar.tj (25 феврали 2019). 25 феврали 2019 санҷида шуд.
  25. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон. khovar.tj (24 феврали 2019). 24 феврали 2019 санҷида шуд.
  26. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. khovar.tj (23 феврали 2019). 23 феврали 2019 санҷида шуд.
  27. Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҳиндустон дар соҳаи гумрук тақвият мебахшад. khovar.tj (22 феврали 2019). 22 феврали 2019 санҷида шуд.
  28. 21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Дар Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст. khovar.tj (21 феврали 2019). 21 феврали 2019 санҷида шуд.
  29. Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ. khovar.tj (20 феврали 2019). 20 феврали 2019 санҷида шуд.
  30. Қоидаҳои нави фурӯши симкорт: бо шиносномаи нав ва зери назорати камераҳои видео. news.tj (19 феврали 2019). 19 феврали 2019 санҷида шуд.
  31. Ҷоми ФФТ: «Истиқлол» ду ғалабаи пайдарпай ба даст овард. khovar.tj (18 феврали 2019). 18 феврали 2019 санҷида шуд.
  32. “Ҳама дар хоб буд.” Даҳҳо кушта ва захмӣ дар сӯхтори Бангладеш. ozodi.org (17 феврали 2019). 17 феврали 2019 санҷида шуд.
  33. Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ММД дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст. khovar.tj (16 феврали 2019). 16 феврали 2019 санҷида шуд.
  34. 15 феврал- Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон: сари вақт муайян кардани омоси бадсифат ва табобати он сабаби саломатии инсон мегардад. khovar.tj (15 феврали 2019). 15 феврали 2019 санҷида шуд.
  35. Афзоиши босуръати ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон. news.tj (14 феврали 2019). 14 феврали 2019 санҷида шуд.
  36. Он метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фаро гирад. news.tj (13 феврали 2019). 13 феврали 2019 санҷида шуд.
  37. Имрӯз дастаи «Истиқлол» аввалин бозии таърихии худро дар Лигаи чемпионҳои Осиё мегузаронад. news.tj (160 феврали 2019). 12 феврали 2019 санҷида шуд.
  38. Фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба зиёда аз ду миллион нафар мусофирон хизмат расонидаанд. news.tj (11 феврали 2019). 11 феврали 2019 санҷида шуд.
  39. ДАРАХТ БИНШОН!. khovar.tj (10 феврали 2019). 10 феврали 2019 санҷида шуд.
  40. Вазорати фарҳанг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кард. khovar.tj (9 феврали 2019). 9 феврали 2019 санҷида шуд.
  41. Душанбе соҳиби нишон мегардад ва унони «Сокини фахрии пойтахт» таъсис дода мешавад. khovar.tj (8 феврали 2019). 8 феврали 2019 санҷида шуд.
  42. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. khovar.tj (7 феврали 2019). 7 феврали 2019 санҷида шуд.
  43. «Суруди модар – алла» - таҳти ин ном бахшида ба Рӯзи Модар дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. khovar.tj (6 феврали 2019). 6 феврали 2019 санҷида шуд.
  44. Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019-ро ба имзо расониданд. khovar.tj (5 феврали 2019). 5 феврали 2019 санҷида шуд.
  45. Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардид. khovar.tj (4 феврали 2019). 4 феврали 2019 санҷида шуд.
  46. Дар «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан доир гардид. khovar.tj (3 феврали 2019). 3 феврали 2019 санҷида шуд.
  47. Варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи «Кӯдакони Осиё-2019» иштирок мекунанд. khovar.tj (2 феврали 2019). 2 феврали 2019 санҷида шуд.
  48. “Роғун”:1,5 моҳ – 90,3 млн. кВт/соат; тамоми нерӯгоҳҳои хурд дар соли 2018 – 33 млн. кВт/соат. news.tj (1 феврали 2019). 1 феврали 2019 санҷида шуд.
  49. Русия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик беш аз 630 квота ҷудо кард. news.tj (31 январи 2019). 31 январи 2019 санҷида шуд.
  50. Зинаи 152-юми Тоҷикистон дар Индекси дарки коррупсия. news.tj (30 январи 2019). 30 январи 2019 санҷида шуд.
  51. Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» таҳия мегардад. khovar.tj (29 январи 2019). 29 январи 2019 санҷида шуд.
  52. Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд. khovar.tj (28 январи 2019). 28 январи 2019 санҷида шуд.
  53. «Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст!..». khovar.tj (27 январи 2019). 27 январи 2019 санҷида шуд.
  54. Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада. khovar.tj (26 январи 2019). 26 январи 2019 санҷида шуд.
  55. Аввали тобистон сарони 27 кишвари дунёро дар Душанбе интизоранд. news.tj (25 январи 2019). 25 январи 2019 санҷида шуд.
  56. Сарулибоси милитсионерҳои тоҷик баҳор нав мешавад. news.tj (24 январи 2019). 24 январи 2019 санҷида шуд.
  57. Нашри китоби Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаҳони муосир ва сиёсати хориҷӣ. news.tj (23 январи 2019). 23 январи 2019 санҷида шуд.
  58. Баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон. parstoday.com (16 ноябри 2018). 16 ноябри 2018 санҷида шуд.
  59. Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб. khovar.tj (25 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд.
  60. Рахмон и Нурмагомедов вошли в список самых влиятельных мусульман мира. khovar.tj (24 октябри 2018). 3 ноябри 2018 санҷида шуд.
  61. Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд.
  62. Ғолибони Кинофестивали байналмилалии «Дидор» муайян шуданд. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд.
  63. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. khovar.tj (12 октябри 2018). 12 октябри 2018 санҷида шуд.
  64. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. khovar.tj (10 октябри 2018). 10 октябри 2018 санҷида шуд.
  65. Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. prezident.tj (28 сентябри 2018). 28 сентябри 2018 санҷида шуд.
  66. Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС». prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  67. Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  68. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”. prezident.tj (20 сентябри 2018). 20 сентябри 2018 санҷида шуд.
  69. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. prezident.tj (14 сентябри 2018). 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
  70. Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе. prezident.tj (5 сентябри 2018). 5 сентябри 2018 санҷида шуд.
  71. Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (28 августи 2018). 28 августи 2018 санҷида шуд.
  72. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. prezident.tj (17 августи 2018). 17 августи 2018 санҷида шуд.
  73. Чойханаи «Роҳат» беҳтарин чойхонаи ҷаҳон дониста шуд
  74. РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТ
Мавзуъот

Илм ва фановарӣ
ВарзишМусиқӣСинамо

22:00 UTC  |  20 марти соли 2019
март
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шн Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
Викиахбори русӣ

Ба наздикӣ даргузаштаҳо

Subscript text







Муҳтавои Википедиа

Рӯйхатҳо
Мурурҳо · Мавзӯот (асосӣ) · Порталҳо · Гурӯҳҳо
Мамлакатҳо · Одамон · Рӯйдодҳои кунунӣ · Дар ҳамин сол фавтидагон

Индексҳо
Таснифоти даҳии универсалӣ · Феҳристи сареъ

The article is a derivative under the Creative Commons Attribution-ShareAlike License. A link to the original article can be found here and attribution parties here. By using this site, you agree to the Terms of Use. Gpedia Ⓡ is a registered trademark of the Cyberajah Pty Ltd.