Искандаркӯл

Jump to navigation Jump to search
Искандаркӯл
Fann Mountains - lake.jpg
Морфометрия
Баландии мутлақ2,195 м
Масоҳат3,4 км²
Ҳаҷм0,24 км³
Ҳавз
Дарёи обгирИскандардарё
Макон
39°04′28″ а. шим. 68°22′06″ т. ш.HGЯO
Кишвар
Минтақавилояти Суғд
Ноҳияноҳияи Айнӣ
Искандаркӯл дар Викианбор
Искандаркӯл

Искандаркӯл — кӯл дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон.

Таърих

Искандаркӯл, яке аз кӯлҳои зеботарини диёри тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар доманаи кӯҳҳои Бутамони охир (Ҳисор) ҷойгир аст. Он номи яке аз забткунандагони асрҳои IV-и пеш аз мелод Искандари Македониро ба худ гирифтааст. Искандаркӯл аз шаҳри Душанбе дар масофаи 120 км, аз шаҳри Хуҷанд дар масофаи 240 км ва аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар масофаи 22км ҷойгир шудааст. Кӯл шакли секунҷаро дошта, майдони он 3,4 км² мебошад. Аз даромадгоҳ то Панҷчашма 3,250 км, ва аз тарафи шимол ба ҷануб 2,9 км. Дарозии хатти соҳили кӯл бошад, 14 километрро ташкил медиҳад. Чуқурии кӯл 71,7 м буда, аз ҳисоби миёна 50,8 м мебошад. Пас аз кашфи Искандаркӯл аз тарафи олимон Е. Казакова ва А. Мухин соли 1937 кӯҳҳои Ғазнаи калон баландиаш 5306 м, Чимтарға 5489метр дар байни ҷаҳониён ва кӯҳнавардон машҳӯр гаштааст.

Кӯҳҳои Фон дар ҳамсарҳадӣ бо қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошанд, ки сарҳади онҳоро Нова ва дарёҳои Пасрӯд, Фондарё, Саратоғ ва сойҳои Уреғ, Вору, Арчамайдон ҷудо менамоянд ва онҳо ба кӯли Искандар мерезанд. Тадқиқотҳои геологӣ ва зилзилагӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кӯҳи афтида 1,5 км паҳноӣ ва 600 м баландӣ дорад. Кӯл он вақтҳо дучанд калон буд. Аз кӯл як дарё ҷорӣ мешавад. Искандардарё (Фондарё). Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1 км дуртар аз кӯл, аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меоварад. Диққати тамошобинонро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотуб буда, дар баландии зиёда аз 40-метр ба поён меравад. Шаршара аз дузина иборат мебошад, вале, зинаи дуюмашро мутаассифона тамошобинон дида наметавонанд. Дар тарафи дасти рости даромадгоҳи кӯли Искандар дар резишгоҳи сойчаи Сарима боз як кӯли хурдакаки атрофаш дарахтзор ҷойгир шудааст, ки онро «Кӯлиморон» меноманд. Дар атрофи кӯли Искандар намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахшро дарёфт карда метавонед, ки бештари онҳо аз нодиртарин растаниҳо мансуб меёбанд.

Ҳоло дар миёни мардуми ин диёр афсонаю ривоятҳои зиёд бо номи Искандар ва ин кӯл мавҷуданд. Ривоятеҳаст, ки: «Искандари Мақдунӣ вақти сафараш ба Ҳинд аз кӯли Искандар дидан менамояд. Дар он ҷо хайма зада истироҳат мекунад. Аспи дӯстдоштаи Искандар, ки Буҷефал ном дошт аз обҳои хунуки кӯҳистон нӯшида ба касалӣ гирифтор мешавад. Чун вақти сафар пеш меояд, Искандар аспбони худро барои нигоҳубин ва табобати аспаш дар он ҷо монда, бо аскаронаш сафари худро давом медиҳад. Вақте, ки асп сиҳат мешавад аспбон дар рафторҳояш як чизи ғайримуқаррариро ҳис мекунад. Вабаъди чанд муддат Буҷефал(Бутсефал) ба як баландӣ баромада чунон шиҳа кашид, ки гӯё атроф меларзид. Баъд давон худро ба кӯл партофта ғайб зад. Бино ба ривояти пирони рӯзгордида Буҷефал гӯё аз марги соҳибаш, ки вақти бозгашт аз Ҳинд дар роҳ бемор шуда мефавтад огоҳӣ ҳис намуда, ба қаъри кӯл меравад. Гӯё ҳар чанд вақт дар бевақти баромада ишакунон чарида қариби субҳ боз ба қаъри кӯл бармегардад».

Хулосаи ҳамаи ин афсонаҳо чунин аст, ки гӯё ин кӯлро Искандар дар вақти Бутамонро забт карданаш бо қувваи одамон сохта бошад. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ ин афсонаҳоро ба куллӣ рад мекунанд. Искандари Македонӣҳеҷ гоҳ аз ҳудуди Самарқанд берун ба сӯи Панҷакенту Бутамон нарафта буд. Пас саволе ба миён меояд, ки кай ва чӣ тавр ин кӯли зебо ва ин дарёи аз вай ҷоришуда бо номи Искандар маъруф гаштаанд? Муаллифи «Ҳудудал-Олам» менависад, кидар «Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар (Фалғар) ва Дарёҷой андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин дар «Ҳудуд ал — Олам» гуфта мешавад, ки ба дарёҷой 4 рӯди хурд дарафтанд ва аз он рӯде берун ояд, ки аз замини Барғар даргузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад".

Дар ҳақиқат, чӣ тавре, ки дар боло гуфтем, дар кӯли Искандар чаҳор дарёча: Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон меафтанд. Аз кӯл бошад, як рӯд, ки бо номи Искандардарё (Фондарёи имрӯза) машҳураст, ҷорӣ мешавад, яъне берун меояд. Ҷуғрофҳои дигари асрҳои X—XII ибни Ҳавуқал, ал-Истахрӣ ва ал-Муқаддасӣ кӯли Искандарро «Маҷмаъ» — ҷамъи об номидаанд. Яке аз ҷуғрофҳои асри IX ибни Ҳурдодбеҳ кӯли Искандарро Айн ва дарёе, ки аз вай ҷорӣ мешавад Ҷирк номидааст. Дарёи Ҷирк шояд бо деҳаи дар ин ҷо будаи Ҷиҷик вобастагӣ дошта бошад.

Ҳамин тавр аз ахбороти хаттии асрҳои миёна маълум мегардад, ки номи аслии Искандаркӯл Маштонзардарё ва рӯди аз вай ҷорӣ шуда, Ҷиҷик ном доштаанд. Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Маштонзардарё ва рӯдҳои Бутамон ахборҳо во намехӯранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI—XVII ба ҷои Бутамон, Кӯҳистон ва рӯди Суғд-Зарафшон навишта шудааст. Дар нимаи дуюми асри XIX дар саҳифаҳои адабиёти илмии рӯсӣ ба ҷои Маштонзардарё Искандаркӯл пайдо мешавад. Чӣ тавр ва аз тарафи кӣ ин ном бофта бароварда шудааст, ҳоло ба мо маълум нест[1].


Пайдоиш

Искандаркӯл

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

Искандаркӯл: ривоят ва ҳақиқат

Искандаркӯл

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.

Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Александри Мақдунӣ (Искандари Мақдунӣ 356 356 п.м.-323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.

Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К. Ф. Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст. Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» — маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195—2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кӯҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.

Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.

Нигаред низ

Адабиёт

  • Вазиров К., Саидов М. Кӯҳистони Зарафшон. — Душанбе, 2009
  • Вазиров К. Искандаркӯл /«Ба қуллаҳои Дониш» (рӯзномаи ДМТ), 2013, № 2.
  • Кеммерих А. О. Гидрография Помира и Помиро — Алая. — М.:Мысль, 1978
  • Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — 470 с.(тоҷ.)

Пайвандҳо

  1. Юсуф Ёқубов, Ёдгориҳои болооби Зарафшон
The article is a derivative under the Creative Commons Attribution-ShareAlike License. A link to the original article can be found here and attribution parties here. By using this site, you agree to the Terms of Use. Gpedia Ⓡ is a registered trademark of the Cyberajah Pty Ltd.