Осиё

Jump to navigation Jump to search
Asia satellite orthographic.jpg
Shanghai-Pudong-Skyline.jpg
Binh Quoi Traditional River Hut Jun2005.jpg
Himalayan mountains from air 001.jpg
Саҳрои Арабистони Саудӣ

Осиё бузургтарин қитъаи кураи замин аст, ки 40 давлати дунё дар он ҷойгир буда, масоҳати умумиаш ба 44,5 млн км² баробар аст ва 8.6% сатҳи масоҳати умумии Заминро, ва ё 29.4% масоҳати хушкии онро иҳота мекунад. Тибқи маълумоти соли 2014 аҳолии Осиё 4,1 млрд буда, 60%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Қитъаи Осиё релефи гуногун дошта, нуқтаи пасттарин ва баландтарини қураи замин дар ин қитъа ҷойгиранд (қулаи Эверест дар баландии 8848м ва баҳри Мурда дар пастии 395м аз сатҳи баҳр). Дар қитъаи Осиё нахустин империя – давлати Ҳахоманишиё ва се дини ҷаҳонӣ – Буддоӣ, Насронӣ, ва дини мубини Ислом ба вуҷуд омадаанд. Қитъаи Осиё яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни ҷаҳон мебошад. Номи Осиё аз мавқеи географии он бар меояд. Ҳоло географҳои Юнони Қадим қаламравҳое, ки дар ғарб ва шимолии Юнон воқеъ гардидаанд, ба Аврупо (аз калимаи юнонии эреб - ғарб) ба он қаламравҳое, ки дар шарқии он ҷойгир шудаанд, ба Осиё (аз калимаи юнонии асу - шарқ) мансуб медоданд. Мавқеи иқтисодию географии Осиёро, пеш аз ҳама дар байни қитъаҳои олам мавқеи мобайниро ишғол намуданд ва дар сари роҳҳои ҷаҳонии баҳрии тиҷоратии аз Аврупо ба сӯи Уқёнуси Ҳинд ва Ором раванда, ҷойгир шудани он муайян менамояд.

Нақша

Asie.svg

Давлатҳое, ки дар Осиё ҷойгиранд


Қитъаҳо

LocationEurope.png
Аврупо
LocationAfrica.png
Африқо
LocationAmericas.png
Амрико
LocationAntarctica.png
Антарктида
LocationAsia.png
Осиё
LocationAustralia.png
Уқёнусия

Нигаред

The article is a derivative under the Creative Commons Attribution-ShareAlike License. A link to the original article can be found here and attribution parties here. By using this site, you agree to the Terms of Use. Gpedia Ⓡ is a registered trademark of the Cyberajah Pty Ltd.