Саҳифаи Аслӣ

Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.

Айни ҳол дар донишнома 68,328 мақолаҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Тоҷикистон
Санъат
Таърих
Адабиёт

Илм
Ҷуғрофия
Зиндагинома
Ислом

Варзиш
Техника
Математика
Ҳама порталҳо

Эҷоди мақола (тавассути ёрирасон) Роҳнамо Феҳристи Википедиаҳо Википедиа дар расонаҳо

Мақолаи баргузида

Муҷассамаи Умари Хайём ҳамроҳ бо 3 донишманди бузурги тоҷику форс — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ дар саҳни бинои СММ дар Вена

Умар Хайёми Нишопурӣ (порсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048, Нишопур4 декабри соли 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.

Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.

Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.

Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.

Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

(бештар...)

Мақолаи хуб

Коллажи Афғонистон

Афғонистон (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت‎, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ.

Афғонистон кишвари куҳсор аст ва аз чаҳор се ҳиссаи сарзамини онро силсилакуҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз шаҳри ба тарафи ғарб тӯл кашида дар ҳавзаи Ҳарирӯд ба ҳамворӣ мепайванданд. Баландии ин силсилакуҳҳо дар шаҳри (дар баландиҳои Помир) то ба 6–7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад.

(Бештар…)

Феҳристҳо ва порталҳои баргузида

Феҳристи баргузидаи охирин:
Портали Забоншиносӣ
Портал:Забоншиносӣ
Феҳристи баргузидаи қаблӣ:
Ruddy-turnstone-icon.png
Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи Тоҷикистон

Нигораи рӯз

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Ордени дараҷаи 3 - медали «Барои мудофиаи Инқилоб»

Дар Моҳи Рамазон ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад,1. Дурӯғ гуфтан 2. Қасами дурӯғ хӯрдан 3. Ғайбат кардан 4. Таъна задан 5. Бахилӣ кардан. Рамазон дар луғат ба маънои сӯзонанда омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад.

  • Имом Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашта ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шудааст.
  • Аз рӯи омори "Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ" доир ба саводнокӣ, дар Тоҷикистон тахминан 5 781 203 наф дар синни 15 сола ва боло, ба забонҳои гуногун хонда ва навишта метавонанд. Ин шумора, 99.77% аз ҳаҷми умумии аҳолии калонсолро дар бар мегирад. Яъне, тахминан 13 147 нафар сокинон ҳоло ҳам бесавод мебошанд.Википедиа /tg.wikipedia.org/ Тоҷикистон
  • Аввалин медали ҶХШ Бухоро «Барои мудофиаи Инқилоб» (дар расм) 3 июли соли 1922 таъсис ёфтааст.
  • Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбашаклҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд.

Рӯйдодҳои ҷорӣ

Мавзӯи муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо


Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
  • Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид.(/jahonnamo.tj/23.07.2017)
  • Ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.(/tajikistantimes.tj/15.07.2017)
  • Мавсил (русӣ-Мосул) расман аз тасарруфи ДИИШ (ИГИЛ) озод карда шуд.(/tajikistantimes.tj/11.07.2017)
  • Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. (khovar.tj 11.07.2017)
  • Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат. (khovar.tj 27.06.2017)
  • "Паёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон" дар расонаи АМИТ "Ховар" интишор гардид.(khovar.tj) Боз нигаред: Э. РАҲМОН: САДАҚАИ ФИТРРО БА ЯТИМОНУ НОДОРОН БИДИҲЕД (akhbor.com)
  • Шоири халқии Тоқикистон Мӯмин Қаноат 85 сола шуданд (avesta.tj 20.05.2017 )
  • Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури кунунии Эрон бо касби 57 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 19 май ба даври дуюми раёсат даст ёфт.(20.05.2017 akhbor.com 19.05.2017)
  • Дар ш. Алмаато 16 май бо иштироки роҳбарони хадамоти энержии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаи муттаҳид гардонидани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид. Дар назар аст, ки лоиҳаи қарор оид ба барқарор намудани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ба наздики ба имзо хоҳад расид.( Викиахбор.org (русӣ) 17.05.2017
  • Дар Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президент 66,1% овоз гирифта, Президенти Фаронса гардид.(mir24.tv 8.05.2017 )
  • Дар Тоҷикистон фурӯши мошинҳои сабукрави истеҳсоли Ӯзбекистон дар назар аст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек ҳудуди 20 қарордод ба имзо расид.(news.tj 20.04.2017 )
  • Дар Туркия натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ интишор карда шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ ворид кардани ислоҳот дар конститутсияро 51,3 дарсад ҷонибдорӣ карданд. ( jahonnamo.tj 17.04.2017)

Ҳамкориҳои ҳафта

Лоиҳаҳои марбут

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Забонҳои Википедиа

Сафоратхона / Embassy Бунёди Викимедиа Тамос Дигар фаслҳои забонӣ
The article is a derivative under the Creative Commons Attribution-ShareAlike License. A link to the original article can be found here and attribution parties here. By using this site, you agree to the Terms of Use. Gpedia Ⓡ is a registered trademark of the Cyberajah Pty Ltd.