Пизишкӣ

(Тағйири масир аз Тиб)
Jump to navigation Jump to search
Абӯалӣ ибни Сино, Гиппократ ва Гален

Пизишкӣ (хатти ниёгон: پزشکی) ё Тиб (хатти ниёгон: طب) шоxаи аз дониш аст, ки ба ташxису дармони бемориҳо марбут аст.

Медицина ва ё тиб — соҳаи илмӣ ва амалии фаъолият оид ба ташхиси равандҳои аслӣ ва ихтилоли дар организми инсон, касалиҳои гуногун ва ҳолатҳои ихтилолӣ, нигоҳдори ва мустаҳкам намудани саломатии одамон. Калимаи «медицина» аз ибораи лотинӣ: ars medicina («маҳорати шифодиҳӣ») пайдо гаштааст. Тиб - илмест, ки бо касалиҳо ва маризиҳои инсон ва ҳайвонот сару кор дорад, ки барои ҳолати саломатӣ овардан саъю кушиш мекунад. Тиб - бо забони оддӣ ин соҳаи тандурустӣ аст. Шахсони бо тиб машгул бударо, одатан духтур ва ё табиб меноманд. Абӯалӣ ибни Сино - яке аз бузургтарин табибони тоҷику форс ба шумор меравад.

Рамзҳои тиб

Дар ҷаҳони имруза барои ифодаи рамзи тиб, якчанд рамзҳоро истифода мебаранд. Яке аз рамзҳои берунаи тиббии охири асри ХХ — «Ситораи ҳаёт». Рамзи дуюм, рамзи қадимаи тиббӣ — асои Асклепий аст. Сеюм аломати маъмул - Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар; овозаи ӯ зич бо фаъолияти Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар алоқаманд. Рамзи Чаҳорум тиббӣ — косаи бо мори печондашуда, дар атрофи он аст, ки бо Абӯали Ибни Сино алоқамандӣ дорад, чунки Абӯалӣ Ибни Сино дар табобат заҳри морро истифода мебурд. Рамзи мазкур боз бо олиҳаи юнонии саломатӣ Гигиея алоқамандии зиче дорад.


Равонаҳо ва соҳаҳои тиб

Тибби профилактикӣ (пешгирикунанда)

Пештар ин соҳаро Санитария ва Гигиена меномиданд.Он барои пешгирии бемориҳои яке аз беморон ва ё бемориҳои ҳамаи аҳолӣ машғул аст.

  • Гигиена (тозагӣ)
  • Санитарӣ
  • Эпидемиология
  • Дезинфектология

Тибби клиникавӣ

Ба дарёфт в табобати одамони бемор ва ба пешгирии такрор шудани ҳамон беморӣ дар ҳамон одамони бемор машғул аст.

  • Диетология - ба омӯзиши таъсири озуқаворӣ ва нӯшокӣ ба саломатӣ ва беморӣ, махсусан, дар муайян намудани истеъмоли ғизои оптималӣ. Диетолог (табиби парҳезгар, ки дар ин соқа фаъолият менамояд) ғизои табобатиро (терапевтическая диета) таъин менамояд барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои дилу раг, вазни барзиёд ва ихтилоли ҳозима, аллергия, камғизоӣ ва омосҳо (баъзан нодуруст бо гигиенаи озуқаворӣ меомезанд).
  • Терапия
  • Равонпизишкӣ (Психиатрия)
  • Пизишкии кӯдакон (Педиатрия)
  • Геронтология
  • Кардиология
  • Эндокринология (ғадудҳои дарунӣ)
  • Асабшиносӣ (Неврология)
  • Чашмпизишкӣ (Офталмология)
  • Дандонпизишкӣ (Стоматология)
  • Мизроҳпизишкӣ (Урология)

Фармакология

  • Фармакоэпидемиология
  • Фармакологияи биохимиявӣ
  • Фармакологияи клиникавӣ
  • Фармакологияи молекулавӣ
  • Фармакогеномика
  • Фармакологияи таҷрибавӣ

Соҳаҳои тиббӣ-биологӣ

Соҳаҳои алоҳидаи тиб

  • Тибби авиасионӣ
  • Тибби арктикӣ
  • Тибби ҳарбӣ
  • Тибби кайҳонӣ
  • Тибби офатҳои (табиӣ)
  • Тибби зериобӣ
  • Тибби варзишӣ
  • Тибби ташхиси судӣ
  • Тибби меҳнат
  • Тибби хронологӣ

Тибби назариявӣ

Тибби амалӣ


The article is a derivative under the Creative Commons Attribution-ShareAlike License. A link to the original article can be found here and attribution parties here. By using this site, you agree to the Terms of Use. Gpedia Ⓡ is a registered trademark of the Cyberajah Pty Ltd.